Иштироки Рустам Шоҳмурод дар ҷаласаи АБ ИДМ
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Шоҳмурод рӯзҳои 12-13 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федерат-сияи Россия дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ иштирок намуд.
Дар ҷаласа 10 масъала, аз ҷумла лоиҳаҳои нави низомнома оид ба комиссияҳои доимии АБ ИДМ ва лоиҳаи низомнома дар бораи фаъолияти қонунэҷодкунии АБ ИДМ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Оид ба ҳарду лоиҳа хулосаҳои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон қобили қабул шуморида шуданд.
Дар ҷаласа, инчунин, масъалаи истифодаи лоиҳаҳои қонун ва дигар санадҳои намунавии АБ ИДМ дар фаъолияти қонунэҷодкунии парлумонҳои давлатҳои иштирокдори ИДМ баррасӣ ва аз рӯи мавзуъҳои муҳоки-машуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
