ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ҲАМКОРИИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ БО ШУРОИ ФЕДЕРАТСИЯ
16-уми марти соли равон дар шаҳри Москва ҷаласаи понздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар ҷаласа вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, инчунин, ҷараёни омодагӣ ба Форуми IX байнипарламентии «Тоҷикистон - Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи имрӯзаи Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шурои федератсия рушди муносибатҳои ду кишварро дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,
ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО
Ҳамчунин дигар маводҳо:
