https://sadoimardum.tj

Маркази байналмилалии Наврӯз иқдоми наҷиб дар густаришу посдории фарҳанги миллӣ

№:32 (5084), 19 мар 2026, 15:48
8

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз ва густариш додани арзишҳои фарҳанги миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа ба шумор меравад. Миллати тоҷик дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ буда, дар дарозои таърих анъанаҳо, оинҳо ва ҷашнҳои миллии худро ҳифз намудааст. Яке аз чунин ҷашнҳои куҳан ва пурарзиш Наврӯз мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат дастур доданд, ки бо назар­дошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯс­тонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Воқеан, бунёд намудани чунин маҷмаа иқдоми муҳими фарҳангӣ аст. Аҳамияти марказ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашни куҳан ҳамчун рамзи фарҳанги миллии тоҷикон ва инсондӯстӣ, густариши робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ бо шеваи муосир муаррифӣ мешавад ва барои боз ҳам бошукӯҳ таҷлил гардидани Наврӯз мусоидат менамояд.
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор, хоса тоҷикон, ба шумор меравад, ки таърихи пайдоиши он ба беш аз 6 ҳазор сол мерасад. Ин ҷашни миллӣ арзишҳои инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба табиатро тарғиб мекунад. Бо назардошти аҳамияти бузурги фарҳангӣ Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, имрӯз дар кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Барои мардуми тоҷик Наврӯз як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг ва ҳувияти миллӣ маҳсуб меёбад ва тоҷикон дар тӯли таърих қариб тамоми суннатҳои ин ҷашни бостониро нигоҳ дошта, то ба ин рӯзгор расонданд. Дар ин рӯз мардум хонаҳоро тоза мекунанд, бо либосҳои миллӣ ороста мешаванд, базм барпо мекунанд, дастархони идона меороянд, ба дидори ҳам мераванду сари як хон бо ҳам менишинанд. Яъне, Наврӯз дар ташаккули арзишҳои маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад.
Маркази байналмилалии Наврӯз барои муаррифии бештару шоистаи Наврӯз ва оину суннатҳои он мусоидат хоҳад кард. Ин маҷмааи фарҳангӣ, ки бо усли меъмории миллӣ бунёд мегардад, яке аз иншооти муҳими меъмории пойтахти кишварамон - Душанбешаҳри азиз хоҳад шуд.
Марказ аз толорҳои бузурги фарҳангӣ, намоишӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ иборат хоҳад буд. Ороиши бино ва толорҳои он бо нақшунигори миллӣ, кандакорӣ, гачкорӣ ва дигар унсурҳои ҳунарҳои мардумӣ анҷом меёбанд.
Бунёди чунин марказ на танҳо барои шаҳри Душанбе, балки барои тамоми Тоҷикистон аҳамияти бузурги фарҳангию таърихӣ дорад, зеро он ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конф­ронсҳои байналмилалӣ ва ҷашнҳои миллӣ хизмат мекунад.
Дар солҳои охир эъмори инфрасохтори фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе босуръат идома дорад. Дар ин раванд саҳми Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзандаи ситоиш аст. Бо ташаббус ва дастгирии муҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор иншооти фарҳангӣ, варзишӣ ва иҷтимоӣ бунёд гардидаанд, ки ба ободонии пойтахт ва рушди ҳаёти фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд.
Бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз яке аз чунин иқдомҳои муҳими фарҳангӣ мебошад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки роҳбарияти шаҳр ба ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Марказ на танҳо рамзи фарҳанги миллӣ, балки нишонаи эҳтиром ба таърихи гузашта ва мероси фарҳангии ниёгон мебошад.
Илова бар ин, чунин иқдомҳо барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи байналмилалии шаҳри Душанбе мусоидат мекунанд. Он ба яке аз маконҳои ҷолиби фарҳангӣ табдил хоҳад ёфт.
Ин марказ, ҳамчунин, бо ҳадафи ҷалби сайёҳон сохта шуда, чун як макони муҳими баргузории ҷашнҳои байналмилалӣ ва фароғатӣ хизмат хоҳад кард, ки ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Сайёҳони хориҷӣ ва меҳмонони пойтахт метавонанд тавассути боздид аз ин марказ бо фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии тоҷикон пурра шинос шаванд. Инчунин, марказ метавонад барои баргузор намудани фестивалҳо, ­намоишҳо ва барномаҳои фарҳангии байналмилалӣ истифода шавад ва ба як платформаи муҳими муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ табдил ёбад.
Гузашта аз ин, бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз иқдоми муҳими фарҳангӣ ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин марказ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги куҳани тоҷикон мебошад. Иқдоми бунёди чунин марказ аз ғамхорӣ ба рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ шаҳодат медиҳад.
Маркази байналмилалии Наврӯз на танҳо як иншооти меъморӣ, балки макони гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, таҳкими дӯстӣ миёни халқҳо ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ, мавзеи дилрабои сайёҳӣ хоҳад буд. Он дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги тоҷикон нақши муҳим мебозад.
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
номзади илмҳои филология,
ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои назди АМИТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: