https://sadoimardum.tj

Зафаробод. Омодагии ҷиддӣ ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ

26 май 2025, 16:30
26

Сокинони сарбаланди ноҳияи Зафаробод азиз бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд.

Тибқи иттилои раиси ноҳия Муқим Муродзода, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни мазкур нақшаи чорабиниҳо иборат аз 590 банд ба маблағи 112 миллиону 706 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардидааст.

Солҳои 2022-2024 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ 472 банд аз ин нақша бо харҷи 111 миллиону 893 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, 635 ҷойи нави  кор таъсис ёфт, ки 80 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Соли ҷорӣ дар кӯчаҳои Шоҳроҳ, Туғрал, Бобоҷон Ғафуров ва Навбунёди деҳаи Ҷомӣ, кӯчаҳои Зарафшон ва Наврӯзи деҳаи Орзуи деҳоти Равшан хати оби нӯшокӣ кашида хоҳад шуд. Инчунин, насби трансформатор дар деҳаи Навбаҳор ва шағалпӯш кардани маҳаллаҳои навбунёди деҳаи Бахт аз иқдомоте мебошанд, ки барои беҳтарсозии инфрасохтори маҳаллӣ анҷом дода мешаванд.

Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: