Ҳамоиши муҳим
Ҷашне, ки метавонад чун бренди муҳими сайёҳӣ хидмат кунад
17-уми марти соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумахонзода ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногун иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории форум тарғиби арзишҳои умумибашарии Ҷашни байналмилалии Наврӯз, рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки форуми мазкур ҳамчун минбари муҳими муколама барои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба густариши робитаҳои дӯстонаву табодули таҷриба мусоидат мекунад. Аз ҷумла, Дилрабо Мансурӣ дар шаҳри Душанбе, ки имрӯз ҳамчун маркази Наврӯзи ҷаҳонӣ қабои идона дорад, баргузор намудани форумро муҳим ва муфид арзёбӣ кард. Зимни суханронӣ гуфт, ки чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ ба таҳкими роби-таҳои фарҳангию сайёҳии кишварҳо ва муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон мусоидат менамоянд.
Иштирокчиёни форум, ҳамчунин, аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷаҳонӣ гардидани Ҷашни Наврӯз ва пешниҳоди таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз, ёдовар шуданд. Таъкид шуд, ки ин ташаббусҳо барои ҳифз ва тарғиби арзишҳои фарҳанги ниёгон аҳамияти бузург доранд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ зимни суханронӣ имкониятҳои сайёҳии пойтахти кишварро баррасӣ кард. Аз ҷумла гуфт, ки имрӯз шаҳри Душанбе бо симои наву зебо, фазои мусоиди фарҳангӣ ба яке аз марказҳои ҷолиби сайёҳӣ ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфта, дар он барои муаррифии фарҳанг ва мероси бойи тоҷикон имконияти васеъ фароҳам аст.
Зикр шуд, ки Наврӯз ҳамчун бренди муҳими сайёҳӣ метавонад барои муаррифии бештари кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ дошта бошад. «Наврӯз - меросбари суннатҳои миллӣ», «Аз оинҳои мардумӣ то рушди сайёҳӣ», «Ҷаҳонишавии Ҷашни Наврӯз», «Аз таърихи Наврӯзи байналмилалӣ», «Эмомалӣ Раҳмон - эҳёгари Наврӯзи бостон», «Нақши ташаккули зерсохторҳои муосири сайёҳии пойтахт дар рушди иқтисоди Тоҷикистон», «Наврӯз - ҷашни дӯстию рафоқат», «Наврӯз - омили рушди робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ» мавзуъҳои дигаре буданд, ки дар кори форум баррасӣ шуданд. Дар фарҷом баёнияи Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» қабул гардид.
Зимнан, форум соли панҷум аст баргузор мегардад ва намояндагони доираҳои гуногунро аз давлатҳои мухталиф дар шаҳри Душанбе ба ҳам меорад. Он ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳими рушди сайёҳии фарҳангӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ва ҷалби сайёҳон мусоидат менамояд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
