НАВРӮЗИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН
Инак, шонздаҳумин баҳор аст, ки Ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифта, ин ҷашни ниёгони моро ҷаҳониён бо номи аслӣ ва ҳама суннатҳои некаш мешиносанд. Аммо тоҷикони ҷаҳон чун ме-росбарони аслии Наврӯз онро бо ҳисси баланди худшиносӣ ва ифтихор аз ниёгон таҷлил менамоянд ва расму оинҳои миллиро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Дар зимн, чанде аз онҳоро бозгӯӣ менамоем.
РОССИЯ
Дар шаҳри Москва низ Ҷашни Наврӯз ҷолиб таҷлил мегардад. 28-уми марти соли гузашта Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия якҷо бо Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон» дар Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва чорабинии хотирмон доир намуд.
Чанд сол қабл Ҷашни Наврӯз дар ду майдон: майдони боз, ки дар он мусобиқаи ошпазӣ доир гашт ва дар бинои фарҳангӣ, ки намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва маҳфили шеъру сурудро фаро гирифта буд, ботантана таҷлил шуд.
Даҳ ошпаз аз кишварҳои гуногун бо либосҳои миллии худ дар пухтани оши палав ҳунар озмуданд. Сафора-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аҳли чорабиниро бо хӯроки миллии оши палав меҳмон-навозӣ кард.
Дар мусобиқаи зикршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб шуд. Тавассути намояндагони миллатҳои гуногун 35 намоишгоҳ ташкил гардид, ки бошукӯҳтарини он намоишгоҳи Тоҷикистон ба шумор мерафт.
АМРИКО
Тоҷикони муқими Амрико барои пос доштани урфу одатҳои гузаштагон ҳама ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла, Наврӯзро бо риояи тамоми суннату анъанаҳо таҷлил мекунанд. Хони ҳафтсину ҳафтшин меороянд, гирди як хон ба ҳам меоянд, либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро намоиш медиҳанд.
Доир намудани бозиҳои гуногуни наврӯзӣ низ ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамчунин, китобҳо дар бораи Тоҷикистон, таъриху фарҳанги тоҷикон ва дигар таълифоти ҷолиби диққат ба маъраз гузошта мешаванд.
Рӯзи ҷашн бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико намои идона дорад. Онро бо сабки вижа оро медиҳанд. Дари сафорат дар ин рӯз ба рӯи ҳама дӯстдорони ҳунарҳои миллии тоҷикон боз аст.
Ҷавондухтарони тоҷик гӯшаи наврӯзӣ ташкил намуда, суманак омода месозанд, ки инро мардуми Амрико хуш пазируфтаанд.
ОЛМОН
Шумораи тоҷикон дар Олмон, хоса ҷавонон дар шаҳри Берлин, кам нест ва онҳо Наврӯзро чун фарорасии баҳори нозанин, эҳёи табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз бошукӯҳ ҷашн мегиранд. Ҳамасола рӯзҳои Ҷашни Наврӯз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи зебою ҷолиби фарҳангӣ созмон медиҳад, ки таъриху фарҳан-ги миллии моро бо ҳама махсусият таҷассум мекунад. Дастандаркорон, ҳамчунин, василаҳои зиёди таблиғоти-ро оид ба диёри афсонавию сайёҳии Тоҷикистони азиз ба сокинони шаҳр намоиш медиҳанд. Ба меҳмонон суфраи наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллӣ пешниҳод мегардад. Ҷавонону наврасони тоҷик бо ифтихор либоси миллӣ ба бар карда, ба чорабинӣ ҳусни идона зам мекунанд. Мардуми Олмон ҳамасола ба маросими таҷлили Ҷашни Наврӯзи тоҷикон ташриф меоранд. Ҳарчанд забони мо ба олмониҳо нофаҳмост, аммо мусиқии руҳбахши тоҷиконро меписанданд, таомҳои миллӣ ва либоси чакану атласи тоҷикро қабул доранд.
ШВЕЙТСАРИЯ
Тоҷикони муқими Швейтсария ҳангоми таҷлили Наврӯз ба ҷаҳониён таъриху тамаддуни тоҷиконро муаррифӣ менамоянд. Онҳо дар ҳамоиши идона китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, намунаҳои санъати миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, аксҳо, манзараҳои зебои кишварро ба маъраз мегузоранд.
Мардуми тоҷик ранги сафедро рамзи покӣ, сулҳи ҷовидон, осмони беғубор ва кушоиши кор медонад ва дар интихоби ғизову ашё, либосу ороиши хона ба он афзалият медиҳад. Аз ин рӯ, ҷавондухтарони тоҷики муқими Женева дар Ҷашни Наврӯз бештар либосҳои сафед ба бар мекунанд. Рӯйи суфраи наврӯзӣ шакар, шир ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ омодашуда, инчунин, себу сир ва санҷид мегузоранд. Ҳадафи асосии тоҷикони Женева пос доштани ҷашну оини миллӣ ва насли наврасро дар ҳамин руҳия тарбия намудан аст. Аз ин лиҳоз, дар ин рӯз ба фарзандони хурдсоли худ низ либоси миллӣ пӯшонда, бо худ ба базмгоҳи Наврӯз мебаранд.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
