ПАРЧАМИ ВАТАН
Ало баор ҳамватан,
Бидон, ки кӯҳзодаӣ,
Зи қавми Ориён туӣ!
Чу кӯҳсори хештан ҳамеша бовиқору устувору сарбаланд бош,
Ба мисли рафтагони худ банангу арҷманд бош!
Ки кӯҳзода ҳеҷ гаҳ, ба пеши ҳеҷ кас,
Сари баланд хам намекунад.
Зи баҳри нафс обрӯву шаън кам намекунад.
Фақат ба саҷда меравад,
Барои фарзу қарзи он Худои меҳрубони худ,
Ва ё ба пеши марқади бузурграфтагони худ.
Ба пеши ҷадду модаре, ки пок парваридаанду фазл додаанд,
Варо ба нангу ору ориёна зодаанд.
Фақат ба саҷда меравад
Ба номи поки Аҳмаду Самад,
Ва пеши чашмае, ки оби пок ошомад!
Ало бамеҳр ҳамватан,
Бидон, ки кӯҳзода ҳеҷ гоҳ,
Зи меҳр лофи бешу кам намезанад.
Зи меҳри тифлу қавми хеш ифтихор мекунад,
Вале зи дӯстдориҳош дам намезанад!
Агар ки бӯса медиҳад,
Фақат ба шаҳкитоби қудсии Худои бениёзи хеш,
Ба рӯи ҷонамози хеш,
Ба мушти хоки поки Меҳани азиз,
Ба хоки марқади бузурграфтагон,
Ба рӯи сурхи нони пок низ,
Ва ҳар чиро муқаддас аст, бӯса медиҳад!
Ало бамеҳр ҳамватан,
Агар ки кӯҳзодаӣ,
Агар зи қавми Ориён туӣ,
Азиз дор он чиро муқаддас аст.
Ба эҳтироми Парчами Ватан,
Чу Пешвои тоҷикон,
Ба саҷда ба пои он.
Ки рамзи рӯи сурху нузҳати сафеди мост,
Нишон зи ормони сабзи Ориён,
Нишон зи тоҷи хусравонаи ба фар чу моҳу шери мост.
Чу Пешвои тоҷикон,
Фақат ба пои Парчами Ватан ба по бизан,
Варо ба мисли ҷонамози пок,
Мисоли домани бузургмодарон,
Чу шаҳдирафши Ковиён,
Бибӯсу дар ду дида ҳамчу тӯтиё бикун!
Барои иттиҳоди қавми поки Ориён,
Суруди миллати азизро ба меҳр дар наво бикун,
Барои бегазандияш,
Барои арҷмандиаш,
Барои сарбаландияш,
Дуо бикун!
Сафар Аюбзодаи Маҳзун
Ҳамчунин дигар маводҳо:
