Наврӯзи ҷаҳонӣ
Наврӯз муборак ба ҳама мардуми ҳамдил,
Наврӯз муборак,
Наврӯзи ҷаҳонӣ,
Наврӯзи амонӣ.
Бошед ба ҳам якназару дӯсти ҷонӣ,
Бо шаҳдзабонӣ,
Бо шукри амонӣ.
Рӯед чу гул дар дили ҳам бо ғазали ишқ,
Оғӯш кушоед ба ҳам бо бағали ишқ.
Резед ба лабҳо зи муҳаббат асали ишқ,
Аз бодаи Ҷамшед ба ҳар як маҳалли ишқ.
Наврӯз муборак,
Наврӯзи ҷаҳонӣ,
Наврӯзи амонӣ.
Бошед ба ҳам як назару дӯсти ҷонӣ,
Бо шаҳдзабонӣ,
Бо шукри амонӣ.
Наврӯз биёред ба дилҳо ба накуӣ,
Оред нафасҳои хуш аз ҳандалабӯӣ,
Аз фалсафаи ошиқию покизарӯӣ,
Аз арши дилу манзалати мартабаҷӯӣ.
Наврӯз муборак,
Наврӯзи ҷаҳонӣ,
Наврӯзи амонӣ.
Бошед ба ҳам як назару дӯсти ҷонӣ,
Бо шаҳдзабонӣ,
Бо шукри амонӣ.
Тоҷикӣ азон дод чу Наврӯз зи лабҳо,
Бояд зи раҳи меҳр шиносем насабҳо.
Чун сулҳу амонист дар ин базму тарабҳо,
Оҳанги амонӣ расад аз тори асабҳо.
Наврӯз муборак,
Наврӯзи ҷаҳонӣ,
Наврӯзи амонӣ.
Бошед ба ҳам як назару дӯсти ҷонӣ,
Бо шаҳдзабонӣ,
Бо шукри амонӣ.
Ҳақназар ҒОИБ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
