Вусъати эъмори иншооти ҷашнӣ дар Кӯлоб
Тавре иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода иброз дошт, сокинони чор ҷамоати деҳоти шаҳр сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, сарҷамъона кӯчаю маҳали зисти худро васеъ, роҳу пул ва майдончаҳои вар-зиш, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббию марказҳои саломатӣ сохта истодаанд.
Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъсиси ҷойҳои нави кор соли гузашта дар шаҳр чор корхона мавриди истифода қарор дода шуд. Иттилоъ гирифтем, ки соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 556,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли пешин 116,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
- Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 10 субъект ба қайд гирифта шуда, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои истеҳсоли равған, набот ва кордкарди намак, маводи косметикӣ, доруворӣ аз рустаниҳои шифобахш ва истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ идома дорад, - гуфт Д. Пирзода.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
