https://sadoimardum.tj

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд зиёд шуд

№:35-36 (5087-5088), 01 апр 2026, 18:01
16

Бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва васеъ гардондани ҷуғрофияи содирот, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоя­гузорон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар натиҷа, фаъолияти қариб 50 коргоҳу корхонаҳои коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ тақвият ёфта, шумораи чунин корхонаҳо давоми солҳои охир таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Тавре аз раёсати омори вилоят хабар доданд, таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи самараноки иқтидорҳои содиротӣ, риояи талаботи сифат ва мутобиқ гардондани маҳсулот ба стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст. Айни ҳол корхонаҳои коркарду бастубанд, асосан, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров фаъолият доранд. Дар ин корхонаҳо коркарди меваи хушк, сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳо, афшура, мураббо ва дигар намуди маҳсулот мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.
Соли 2025 корхонаҳои «Сирдарё», «Оби зулол», «Субҳи Ватан» ва дигар ширкатҳои истеҳсолие, ки фаъолияти онҳо ба коркарди меваю сабзавот равона гардидааст, истеҳсол ва содироти маҳсулотро мутобиқ ба талаботи бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ зиёд намуданд.
Тибқи иттилои сардори раёсати омори вилоят Ҳокимбек Накҳатзода, соли 2025 аз вилояти Суғд ба кишварҳои хориҷи дуру наздик 153,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 29,6 ҳазор тонна беш аст.
Ҳамзамон, соли 2025 аз вилоят 103,7 ҳазор тонна хушкмева ба хориҷи кишвар содир гардид, ки нисбат ба соли 2024-ум 13,6 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, соли 2025 аз вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиарду 705,3 миллион доллари ИМА молу маҳсулоти саноатию кишоварзӣ содирот шуда, дар қиёс ба соли 2024-ум 670,4 миллион доллар зиёд мебошад.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: