Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар гуфтугӯи парлумонӣ
Дар нишасти мазкур ҳайати вакилони Маҷлиси Туркманистон бо сарварии Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова, директори минтақавии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Флоренс Бауэр, директори иҷроияи Форуми осиёгӣ оид ба нуфус ва рушд доктор Фаррух Усмонов ва дигар роҳбарони ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои бонуфузи пайваст ба масоили ҳуқуқи инсон, муқовимат ба зӯроварӣ ва баробарии гендерӣ иштироку суханронӣ намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода вобаста ба мутобиқгардонии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти баробарии гендерӣ дар сатҳи мақоми олии қонунгузор суханронӣ намуда, дастовардҳои назарраси кишварро дар пешбурди муваффақонаи сиёсати гендерӣ муаррифӣ намуд. Рӯнамоии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, ба ҳозирин пешниҳод ва аз ҷониби коршиносони Хазинаи нуфуси СММ хуб арзёбӣ гардид.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
