Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Ӯзбекистон
30-юми марти соли 2026 дар доираи нахустин Форуми байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ Иттиҳоди Аврупо» дар шаҳри Самарқанд муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо муовини якуми Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Сафоев мулоқот намуд.
Зимни суҳбат тарафҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарламентӣ, идома додани табодули таҷриба оид ба қонунгузорӣ, таҳкими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва тиҷоратии тарафайн ибрози ақида намуданд.
Зикр шуд, ки нахустин Форуми байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ Иттиҳоди Аврупо» ба як майдони муҳими байналмилалӣ табдил ёфта, ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ, густариши эътимоди сиёсӣ ва ташаккули механизмҳои устувори ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷид-дӣ мебахшад.
26-27-уми марти соли равон дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод гуфтугӯи байнипарлумонӣ оид ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ ва муқовимат ба зӯроварии гендерӣ доир гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва Мунаввар Абдусаломзода иштирок доштанд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
