https://sadoimardum.tj

Таҷлили Наврӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

№:37 (5089), 03 апр 2026, 15:26
8

30-юми марти соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил гардид.
Иштирокдорони базми наврӯзиро роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе табрик гуфта, доир ба анъанаю суннатҳои наврӯзӣ ва ҷойгоҳи он дар таҳкими рафоқат, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии халқу миллатҳое, ки дар ҳавзаи тамаддуни Наврӯз кору зиндагӣ менамоянд, ибрози андеша намуд. Гуфта шуд, ки Ҷашни бостонии Наврӯз пайванд­гари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои инсондӯс­тона, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёгон мебошад.
Зикр гардид, ки тантанаҳои наврӯзӣ дар ҷумҳурӣ гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ, хусусан Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамояд. Оинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ буда, метавонанд наслҳоро ба садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастию худшиносӣ ҳидоят намоянд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: