Конфронс ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо
Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо - 21-уми март дар мавзуи «Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ» конфронси миллии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конфронси мазкур барои муаррифӣ ва тасдиқи маълумоти ҷорӣ дар бораи вазъи захираҳои обӣ, муттаҳид кардани мавқеи муассисаҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва таҳияи афзалият бо тавсияҳои амалии мувофиқашуда барои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мониторинги криосфера ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.
Таъкид гардид, ки ҳадафи конфронс таъмини ҳамоҳангсозии кӯшишҳои илмӣ, институтсионалӣ ва байналмилалӣ барои омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим, инчунин, муайян намудани афзалияти ҳамоҳангшудаи татбиқи ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи криосфера мебошад. Дар конфронс масъалаҳои марбут ба арзёбии илмӣ-коршиносии маълумоти муосир оид ба ҳолати пиряхҳо, динамикаи пиряхбандӣ ва тағйироти вобаста ба захираҳои об дар қаламрави Тоҷикистон, муайян ва мувофиқа намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи низоми миллии мониторинги криосфера муҳокима шуданд.
Таъкид шуд, ки дар ин самт ҳамкории байниидоравӣ ва байналмилалӣ дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ, ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи криосфера ва механизмҳои амалкунандаи ҳамкории иқлимӣ заруру ногузир аст.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
