https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкориҳо бо Туркия

№:37 (5089), 03 апр 2026, 15:32
6

Якуми апрели соли 2026 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси бузурги миллии Туркия Рустам Шоҳмурод бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд.
Рустам Шоҳмурод зикр намуд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия давоми 34 сол бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон бомаром рушд меёбанд. Тайи ин муддат миёни Тоҷикистон ва Туркия заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд, ки беш аз 80 санади муҳимро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг дар бар мегирад.
Яке аз самтҳои калидӣ ва меҳварии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои байнипарламентӣ арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони дар сатҳу сифати нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва густариши устувори муносибатҳо бо Маҷлиси бузурги миллии Туркия мебошад.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: