https://sadoimardum.tj

Фестивали «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мегардад

№:37 (5089), 03 апр 2026, 15:40
4

4-уми апрели соли равон дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ҷашн­вораи бузурги «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мегардад.
Мақсади асосии чорабинӣ фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон мебошад. Дар ин чорабинӣ шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муо­сири фарҳангӣ ва дорои имконияти васеи сайёҳӣ муаррифӣ мешавад.
Дар доираи барнома баргузории шоу-консерти идона бо иштироки сарояндагони маъруфи ватанӣ ва ҳунармандони хориҷӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди таомҳои миллӣ, шириниҳо ва нӯшокиҳои гуногун дар назар аст.
Барои иштирокчиён ва меҳмонони фестивал барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз ҷумла бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, барномаҳои сиркӣ ва театрӣ, сайру саёҳат бо асп, гӯшаҳои махсуси кӯдакон ва дигар фаъолиятҳои ҷолиб ташкил карда мешаванд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: