https://sadoimardum.tj

Иҷрои даъвати баҳорӣ дар рӯзи якум аз 54% гузашт

№:37 (5089), 03 апр 2026, 15:43
16

ВМКБ, Хатлон ва ноҳияҳои минтақаи Рашт боз ҳам пешсафанд. 1-уми апрели соли равон бо баргузор намудани маросими Рӯзи даъватшаванда ва гусели ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Артиши миллӣ, чун солҳои пешин аввалин шуда масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, инчунин, ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи аввал аз таъмини иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мужда доданд.

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун солҳои қаблӣ рӯзи якум пурра иҷро шуд. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳорӣ аз дарки амиқи рисолати шаҳрвандӣ ва меҳру муҳаббати гарму самимии ҷавонони вилоят нисбат ба Ватан-Модар дарак медиҳад.

Маротибаи чаҳорум аст, ки вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат тавонист нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввал пурра иҷро намояд. Ин нишондиҳанда аз сатҳи баланди омодагии ҷавонон ва тақвияти корҳои тарбиявию ватандӯстӣ дар вилоят шаҳодат медиҳад.

Ба муносибати ин рӯйдоди муҳими сиёсиву иҷтимоӣ дар шаҳри Бохтар роҳпаймоии ботантана ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ яке азмарҳилаҳои муҳими ҳаёти ҳар ҷавон буда, мактаби ҷасорат, мардонагӣ васадоқат баВатан баҳисоб меравад.

Субҳи якуми апрел дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Ватан ҳарчӣ хоҳад, адо мекунем!» маъракаи гусели наваскарон басафи Артиши миллӣ бошукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд.

Дар чорабинӣ раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони Вазорати мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ васобиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бодуои неки падару модарони даъватшавандагон вабаргузор намудани маросими «кулчагазон» наваскаронро басафи Артиши миллӣ гусел карданд.

Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон азноҳияҳои минтақаи Рашт батаври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан басафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Дар натиҷа, ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод ваРашт нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро намуданд.

Ҷавонони ҷамоати деҳоти Ворух ваЧоркӯҳи шаҳри Исфара низ бодарки ҳисси баланди ватандӯстӣ ваҳувияти миллӣ бахизмати Ватан равон шуданд вачун анъана нақшаи даъват бахизмати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд.

Дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бамуносибати гусели наваскарон ҳамоиши идона доир гардид. Таъкид шуд, киимсол дар даъвати баҳорӣ шумораи ҷавонони далеру шуҷоъ, кибоамри дилу виҷдон барои адо намудани қарзи шаҳрвандӣ басафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳ мешаванд, зиёд гардидааст. Иштирокдорон азмасъулиятшиносӣ, ҳувияти баланди миллӣ ваматонату ҷавонмардии ҷавонони бахизмати Ватан ҳозиршуда ёдовар шуда, баволидайни онҳо барои тарбияи фарзандони боғайрату далер изҳори сипос намуданд.

Ҳамин тариқ, дар рӯзи якуми даъвати баҳории ҷавонон басафи Артиши миллӣ иҷрои нақшаи пешбинишуда 54%-ро гузашт.

Ёдовар мешавем, китибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз28феврали соли 2026 «Дар бораи баэҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, кимуҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд вадаъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон бахизмати ҳарбӣ» аз1апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон басафи Артиши миллӣ оғоз гардид.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ вахизмати ҳарбӣ» омадааст, кишаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (ҷинси мард), кибасинни 18 расидаанд, басафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо вавоҳидҳои дигари ҳарбӣ даъват мегарданд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъкид шудааст, кихизмат баВатан, таҳкими истиқлол ваиқтидори мудофиавии онвазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист.

Даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол думаротиба— аз1апрел то31май вааз1октябр то30ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

Машҳур ИМОМНАЗАР,

Сулаймон СУЛТОНОВ,

Субҳониддини МАҲМУД,

Нодир ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: