Соҳибони «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян шуданд
5-уми апрели соли равон бахшида ба Рӯзи пойтахт ва дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе ҳафтумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва мухлисону дӯстдорони зиёди гӯштини миллӣ ҷамъ омада буданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстию ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва муаррифии гӯштини миллӣ - гӯштингирӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 22 давлати ҷаҳон ҷамъ омада, байни ҳам рақобат намуданд.
Бо ин тартиб, байни мардон дар вазни - 65 кг Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон) ҷойи якум, Сарвар Абдушукуров (Тоҷикистон) ҷойи дуюм, Дилшод Буриев ва Артём Штурбабин (Ӯзбекистон) соҳиби ҷойи сеюм шуданд.
Дар вазни - 78 кг Маҳмадшариф Наҷмиддинов (Тоҷикистон) сазовори ҷойи якум, Умид Эсанов (Ӯзбекистон) ҷой дуюм, Қоим Шукронов (Тоҷикистон) ва Адилет Ахметгалӣ (Қазоқистон) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамчунин, дар вазни - 86 кг Аҳрор Зиёдуллоев (Ӯзбекистон) ҷойи якум, Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон) ҷойи дуюм, Ёқубҷон Назиров (Федератсия Россия) ва Раҳматуллобек Фарҳодов (Тоҷикистон) ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар вазни + 86 кг Шоҳруххон Бахтиёров (Ӯзбекистон) сазовори ҷойи якум, Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон) ҷойи дуюм, Бекмурод Олтибоев (Ӯзбекистон) ва Ҳусейн Халмурзаев (Федератсия Россия) ҷойи сеюм гаштанд.
Дар вазни 70 кг байни бонувон бошад, ҷойи якумро Камила Бадурова (Федератсияи Россия), ҷойи дуюмро Алена Прокопенко (Федератсияи Россия) ва мақоми сеюмро Алина Молдокулова (Қирғизистон) ва Юлия Гребеножко (Украина) сазовор гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 7 нафар гӯштингирони Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Ёдовар мешавам, ки ҷоизаи умумии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳар кадом ғолибони ҷойҳои якум соҳиби 10 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм соҳиби 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гардиданд.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
