https://sadoimardum.tj

Дар Суғд 77 фоизи иншооти ҷашнӣ бунёд гардид

28 май 2025, 10:07
33

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то санаи 1-уми апрели соли 2025 сохтмони 9 319 иншооти гуногунтаъинот ба анҷом расидаастТавре Рауфшех Қобилшеховнамояндаи бахши сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ додиҷрои умумии нақша 77,6 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло ноҳияи Ашт бо иҷрои 127 фоизи нақша (945 иншоот) пешсаф буда, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд мутаносибан бо 83 фоиз (1650 ва 788 иншоот) натиҷаҳои назаррас нишон додаанд. Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (51,3 фоиз), шаҳрҳои Бӯстон (67,7 фоиз), Гулистон (65,7 фоиз), Шаҳристон (64,6 фоиз) ва Истаравшан (61,2 фоиз) иҷрои нақша қаноатбахш набуда, ниёз ба тадбирҳои иловагӣ дорад.

Корҳои созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади беҳтарсозии инфрасохтор ва сатҳи зиндагии мардум бо маром идома доранд.

Н.Турсунов,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: