Фестивалнамоишгоҳи донишгоҳҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон сеюмин Фестивалнамоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар фестивал 43 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Канада, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Швейтсария, Корея, Чин, Кипр, Малайзия, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Бе-ларус иштирок доштанд.
Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва таҳдидҳои муосир ҳамгироии илму маориф, технология ва инноватсия аҳамияти калидӣ дошта, маҳз тавассути чунин платформаҳо метавон заминаи рушди устувори ҷомеа ва иқтисодиётро таъмин кард.
Фестивал ҳамчун майдони муаррифии имконияти таҳсил ба барқарорсозии робитаҳои мустақим байни донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ хизмат намуда, барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак ва роҳандозии лоиҳаҳои илмӣ, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Баъд аз ифтитоҳи фестивал иштирокчиён аз намоишгоҳи донишгоҳҳои хориҷӣ дар маркази «ЭКСПО Ду-шанбе» боздид намуда, бо имкониятҳои таҳсил, барномаҳои таълимӣ ва пешниҳодҳои стипендиявии муас-сисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои гуногун шинос гардиданд.
Сеюмин Фестивалнамоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 10 апрел дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва ноҳияи Данғара идома меёбад.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
