Машварати омӯзишӣ доир ба нақши зеҳни сунъӣ дар фаъолияти парламент
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузариш ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти парламенти кишвар, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва зимни суханронӣ дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум аз 19 марти соли 2025 баён гардиданд, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар мавзуи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварати омӯзишӣ доир гардид.
Дар машварат иштирокчиён аз ҷумла, таҷрибаи муосири парламентҳои кишварҳои пешрафтаи дунё дар самти истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани самаранокии раванди қонунгузорӣ, автоматикунонии вазифаҳои муқаррарӣ, таҳлили ҳаҷми зиёди маълумот ва таъмини бехатарӣ дар ин равандҳоро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба таъмини самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти парламент бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ равона карда шуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Зафар Ализода иттилоъ дод, ки тибқи вазифаҳои «Консепсияи гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тавсияҳои Иттифоқи байнипарламентӣ вобаста ба гузариш ба технологияҳои рақамӣ дар парламентҳо қадами навбатӣ таъсиси сохторҳои ваколатдор, гузаронидани таҳлилу омӯзиш ва таҳияи стратегияи якҷояи гузариш ба технологияҳои рақамӣ дар мақоми олии қонунгузор мебошад.
Дар фарҷом дархосту пешниҳоди иштирокчиён вобаста ба таҳияи барномаҳои минбаъдаи ҳамкориҳои судманд бо мақсади таҳия ва амалӣ намудани стратегия баррасӣ гардид.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
