https://sadoimardum.tj

Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ва рисолати ояндасозии мо

№:40-41 (5091-5092), 10 апр 2026, 14:53
4

Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад».
Эмомалӣ РАҲМОН

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маорифи мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, таъкид намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».
Пешвои миллат дар идома ин масъаларо тавзеҳ дода, дар бораи зарурати таваҷҷуҳи доимиашон афзуданд, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ин хотир, Пешвои миллат барои рушди ин соҳаҳои ояндасоз дастурҳои муфид доданд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқо-тии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат маб­лағгузории соҳаҳои маорифу илмро мунтазам зиёд намуда, ҳар сол маблағи умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Масалан, барои соҳаи маориф соли 2026 аз буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл панҷуним баробар зиёд мебошад.
Бешубҳа, илм сипаре аст, ки ҷомеаро аз ҷаҳолату хурофот, наслро аз нодонию беморӣ ва ҷомеаро аз ҳоди-саҳои нохуши табиат ҳифз менамояд, инсонро аз ҷаҳолат ба сӯйи рӯшноӣ ҳидоят месозад. Тоҷикон, ки ҳазорсо-лаҳо пеш ба ҷаҳониён хату фарҳанг, санъати сухан, фалсафа ва, бахусус, риёзиёту тибро омӯзониданд, имрӯз низ дар омӯзиши илмҳои муосир пешгоманд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ба пайванди илм бо истеҳсолот, ташаккули иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Зеро пайванди илм бо истеҳсолот, махсусан илмҳои табиат­шиносӣ, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷамъият, хоса иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, замина фароҳам меорад.
Пешвои миллат маорифро чун омили такондиҳандаи пешрафти илму фарҳанг тавсиф намуда, иброз доштанд: «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».
Сарвари давлат дар ҳама мулоқоту суҳбатҳо масъалаҳои марбут ба мактабсозӣ, китобхониву илмомӯзӣ ва ихтирои технологияи навинро ба миён гузошта, зарурати онҳоро ҷиҳати пешрафту рушди соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа такид мекунанд. Аз ин рӯ, мо бояд минбаъд низ рушди илмҳои муосир, махсусан, табиатшиносӣ ва дақиқро дар мадди аввал гузорем, зеро ба зиммаи мо боз як вазифаи пурмасъулият – расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар гузошта шудааст. Дар ин раванд, бояд дар посух ба дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат аҳамияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро ба ҷавонон фаҳмонем. Муҳимтар аз ҳама, бояд мутахассисонеро тарбия намоем, ки ворисони сазовори гузаштагон ва идомадиҳандаи рисолати имрӯзиён бошанд ва тавонанд давлату миллатро бо садоқат соҳибӣ кунанд.
Д. МИРЗОХОНОВ,
омӯзгори факултети химияи ДМТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: