https://sadoimardum.tj

Баррасии тавсияҳои кумитаи СММ

№:40-41 (5091-5092), 10 апр 2026, 14:55
2

9-уми апрели соли 2026 бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе бо мақсади арзёбии рафти иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбати занон (СИДО/CEDAW) ҳамоиш доир шуд.
Чорабинии мазкур таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Татяна Тсуркан ва бо иштироки аъзои иттиҳоди занон дар назди Маҷлиси намояндагон, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир шуд.
Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки бо такя ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии занон, фароҳам овардани шароити муносиби кориву зиндагӣ ва таҳкими мақому манзалати онҳо дар ҷомеа беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст.
- Дар заминаи Конститутсия даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки муносибатҳоро барои таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардон ва занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, инчунин, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқатро танзим намуд,- иброз дошт М. Муинӣ.
Таъкид гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва санадҳои зерқонунӣ дар Тоҷикистон, воқеан, боиси заминаи муҳими ҳуқуқиву бунёдӣ гардид.
Дар идома гуфта шуд, ки айни замон шумораи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон 10 нафар ё 31 дарсад ва вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафар ё 29 дарсадро ташкил медиҳанд, ки аз даъвати гузашта мутаносибан 2 ва 4 нафар зиёд мебошанд. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 39 фоизи соҳаи бонкдорӣ, 37 фоизи олимон, 30 фоизи соҳибкорон ва 25 фоизи кормандони соҳаи алоқаро бонувон ташкил медиҳанд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: