https://sadoimardum.tj

Мастчоҳ. Қадами устувор баҳри ҳалли мушкилот

26 май 2025, 10:49
11

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин дар шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ татбиқи лоиҳаи муҳими обрасонӣ барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ оғоз мегардад.

Татбиқи лоиҳа то соли 2027 идома ёфта, арзиши умумии сохтмон 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фармоишгари лоиҳа Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Манзили кӯҳистон» мебошанд.

Дар доираи лоиҳа кашидан 3,5 километр хати нави оби нӯшокӣ дар назар буда, бо ин мақсад лӯлаҳои полиэтилении дорои қутри 160 мм ба меъёрҳои муосири обрасонӣ мутобиқ истифода мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки хати қаблии обрасонии шаҳраки Обшорон фарсуда гардида, айни замон сокинони шаҳрак маҷбуранд аз оби чашмаҳои кӯҳӣ истифода баранд.

Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: