https://sadoimardum.tj

Таъмини сокинони деҳаи Сангпари Кӯлоб бо оби тоза

№:42 (5094), 13 апр 2026, 17:10
11

Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо дастгирии соҳибкорони саховатпешаи маҳаллӣ ва сокинони ватандӯсти деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб чоҳи амудӣ ва хати оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири нақлиёти кишвар, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим иброз намуданд, ки иқдомоти мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳа амалӣ гардида, маблағи умумии сарфшуда як миллион сомониро ташкил додааст.
Бо василаи ба истифода додани чоҳи амудӣ ва хати оби нӯшокӣ сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби тоза пурра таъмин гардиданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: