https://sadoimardum.tj

Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад

№:42 (5094), 13 апр 2026, 17:15
16

Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад

Ба муносибати Рӯзи пойтахт 18-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад. Он дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе доир шуда, дар чорабинӣ варзишгарони зиёди дохилию хориҷи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Бояд гуфт, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаҳои Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил шудааст.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодию иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон тибқи қонун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо баргузории чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва варзишӣ таҷлил карда мешавад, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз ҷумлаи онҳост.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: