Муҳокимаи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо
9-уми апрели соли 2026 мулоқоти аъзои Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мауро Наподано баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минбаъдаро дар доираи татбиқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва рушди малакаҳои шуғл мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар самти пешбурди ислоҳоти институтсионалӣ, такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар раванди буҷетӣ, инчунин, таҳкими заминаҳои рушди устувори иқтисодӣ аҳамияти муҳим доранд.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои ҷорӣ намудани банақшагирии миёнамуҳлати буҷетӣ, буҷетбандии барномавӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ ва такмили инфрасохтори рақамӣ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, аҳамияти лоиҳа дар самти рушди сармояи инсонӣ, такмили низоми таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисон ва мутобиқ намудани малакаҳои меҳнатӣ ба талаботи бозори муосири меҳнат таъкид шуд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
