https://sadoimardum.tj

Иштироки вакилон дар муколамаи парлумонҳои кишварҳои ОМ

№:42 (5094), 13 апр 2026, 17:20
7

9-10 апрели соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муколамаи сеюми минтақавии ваки-лони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Миқёспазирии иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути роҳбарии тиҷорат, навоварӣ ва механизмҳои молиявӣ» баргузор гардид, ки дар он раиси Комиссияи экологӣ Ориф Амирзода, муовини раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Фирдавс Саидзода ва узви ҳамин кумита Фарҳод Каримзода иштирок намуданд.
Дар муколама вакилони парлумонҳо, намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ ва коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва нақши парлумонҳо дар ташаккули муҳити танзимии пешгӯишавандаро таъкид карданд.
Ориф Амирзода иброз намуд, ки гузариш ба иқтисоди даврӣ на танҳо диду назари стратегӣ, балки фароҳам овардани шароити мушаххас барои сармоягузорӣ, рушди бозор ва ҷалби бахши хусусиро низ тақозо менамояд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: