https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович

№:42 (5094), 13 апр 2026, 17:30
14

10-уми апрели соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Ненад Лалович мулоқот анҷом доданд.

Дар оғоз муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи нахустини меҳмон ва ҳайати ҳамроҳро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри зебои Душанбе самимона хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки ин сафар қадами муҳим ва муассир дар самти таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи варзиш, бахусус гӯштин, ки аз зумраи маъруфтарин ва маҳбубтарин намудҳои варзиш дар кишвари мо маҳсуб меёбад, хоҳад буд.

Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Ненад Лалович ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳо дар ин самт бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хеле хубу муассир ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, рушди навъҳои гӯштин дар Тоҷикистон муфассал мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: