https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ

№:43 (5095), 15 апр 2026, 16:34
2

9-10 апрели соли равон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба сиё­сати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иштирок намуд.

Дар комиссия лоиҳаи ниҳоии Кодекси намунавии замин мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ тавсия шуд. Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаи муайян кардани механизми мувофиқашуда ва ҳамоҳангсозии амалҳои давлатҳои аъзои ИДМ ҳангоми бартараф кардани хатари радиатсионию экологии объектҳои мероси ядроии собиқ шуравӣ муҳокима гардид.

Ҳамчунин дигар маводҳо: