https://sadoimardum.tj

Ҳафтаи иммунизатсия оғоз мешавад

№:44 (5096), 17 апр 2026, 16:23
4

Ҳафтаи иммунизатсия оғоз мешавад

Аз 20 то 25-уми апрели соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи аврупоии иммунизатсия таҳти шиори «Ваксинаҳо ҳама наслҳоро муҳофизат мекунанд» баргузор мегардад. Ин маърака бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба аҳамияти ваксинатсия мебошад.

16-уми апрели соли равон ба муносибати оғоз гардидани ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ доир шуд.

Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон татбиқи барномаи миллии иммунопрофилактика ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолӣ бо ваксинаҳо мусоидат кардааст. Аз ҷумла, сатҳи фарогирии кӯдакон бо ваксинаҳои асосӣ, аз қабили пентавалентӣ ва зидди сурхчаю бангишак, ба зиёда аз 90 фоиз расидааст, ки барои таъмини амнияти эпидемиологии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамзамон, аз волидон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ваксинатсияи саривақтии фарзандони худ диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро иммунизатсия кафолати ҳифзи саломатии ҳар як инсон ва ҷомеа мебошад.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: