Сафари Файзалӣ Идизода ба Туркия
15-уми апрели соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода барои иштирок дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия сафар кард.
Дар доираи ин сафар Файзалӣ Идизода дар шаҳри Истамбул бо Раиси Жогорку кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Марлен Маматалиев мулоқот намуд.
Зимни суҳбат таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгирии якдигар дар чаҳорчӯби платформаҳои байналмилалии парламентӣ, аз қабили Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ, Ассамблеяи парламентии СААД ва Ассамблеяи парламентии САҲА, муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки барои мо анъанаҳои неки ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва бародарӣ арзиши бузург доранд. Маҳз ба шарофати ҳамин анъанаҳои нек ба мо муяссар гардид, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври таърихӣ ба имзо расад.
Дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамсоягии нек нақши сарони давлатҳо - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров махсус таъкид шуд.
- Мо иродаи қавӣ дорем, ки ҳамкориҳои байнипарлумониро бо Жогорку кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон таҳким бахшида, онро густариш диҳем. Зарур мешуморем, ки табодули таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ фаъол гардонида шавад, ҳамкориҳо миёни гурӯҳҳои дӯстии парламентӣ тақвият ёбанд ва муколама дар доираи созмонҳои байналмилалии байнипарламентӣ ҷиҳати рушди дипломатияи парламентӣ ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таҳкими эътимод, ҳамсоягии нек ва субот густариш ёбад, - афзуд Файзалӣ Идизода.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
