https://sadoimardum.tj

Душанбе аз нигоҳи сайёҳон

№:45 (5097), 20 апр 2026, 17:24
3

Душанбе аз нигоҳи сайёҳон

-Дар бисёр кишварҳо будам, аммо Тоҷикистон, хоса, пойтахти он - шаҳри Душанберо зиёд писандидам. Сокинонаш меҳмоннавозанд. Дар ин шаҳри озода мисле, ки маданияти Шарқу Ғарб як навъ ба ҳам омезиш ёфтаанд. Чунин омезишро, хоса, дар тарроҳии сохти биноҳо, ошхонадорӣ ва дар худи сокинон метавон мушоҳида намуд. Ин хеле ҷолиб аст, ки ҳам бисёр суннату анъанаҳои миллӣ дар шаҳрсозию тарзи зиндагии сокинон ҳифз шудааст ва ҳам онҳо аз пешрафти ҷаҳони муосир қафо намондаанд. Душанберо дӯст доштам. Ин кишвари афсонавӣ-Тоҷикистон ҳамеша дар хотираам нек боқӣ мемонад.

Саидризвон БУХОРӢ, Покистон

-Панҷ сол пеш ба Тоҷикистон омада будам, аммо ин бор Душанберо комилан дигаргуна дарёфтам. Дар ин муддати кӯтоҳ шаҳр хеле рушд кардааст. Биноҳои баланд­ошёна бо тарҳи зебою замонавӣ, кӯчаҳои чароғон, паҳноию ҳамвории роҳҳо, бемуҳобот, шаҳри Дубайро пеши назар меоранд. Ин нишони пешрафти меъморӣ дар Тоҷикистон, хоса, дар шаҳри Душанбе мебошад, ки хеле таъсирбахш аст. Маро мардуми ин ҷо ҳамеша гарм истиқбол мегиранд ва эҳтиром (дасташро дар қафаси сина монда ишора мекунад) менамоянд. Чизи дигаре, ки мушоҳида намудаму хеле хушам омад, ин аст, ки дар шаҳр инсонигарӣ, яъне, рафтору муносибати нек бо калонсолон, волидон ва, умуман, ба ҳамдигарро мардум ҳифз кардаю пос доштаанд.

Александр РЕПЕН, Россия

-Эътироф мекунам, Душанбе зеботарин пойтахт миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст. Ман меравам, аммо ҳатман боз ба Тоҷикистон бармегардам.

Афия КОРНИТСКАЯ, Беларус

-Ба зебоию пешрафти шаҳр назар карда, бовари кас намеояд, ки ин ҷо замоне як рустои хурд буд. Боғҳои сабзу зебои фарҳангӣ-фароғатӣ, бозорҳои пурнеъмат, муҳити орому осуда аз махсусиятҳои хоси шаҳранд.

Фаввораҳои зебо ба шаҳр ҳусни дигаре зам мекунанд. Меҳмонхонаҳо бисёранд ва яке аз дигаре зеботар. Кас метавонад мувофиқи завқ ва имконияташ ҷои зист интихоб кунад. Дар шаҳр мавзеъҳои тамошобоб кам нестанд. Ҷолиб ин аст, ки дар масофаи ба ҳам наздик қарор доранд. Масалан, аз Майдони Исмоили Сомонӣ метавон пиёда ба сайри Боғи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Осорхонаи миллӣ рафт.

Моро бештар тамошои Маҷмааи Истиқлол хуш омад. Ин макон тавре бунёд шудааст, ки тамоми таърихи миллати тоҷикро бозгӯ мекунад. Ин хеле ҷолиб аст.

Оилаи КАБАРЕВАҲО, Қазоқистон

-Душанберо шаҳри сабзу гулпӯш шинохтам. Гулҳои зебою рангоранг, ки дар ҳар гӯшаи шаҳр парварда шудаанд, руҳу равони касро навозиш мекунанд, ба кас олам-олам шодӣ мебахшанд. Ин ҳама зебоию покизагӣ гувоҳи завқу салиқаи баланди шаҳрдорист.

Наилия АБРАМОВА, Россия

Фароҳамсоз Ф. ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: