Эй шаҳри дӯстдорам,
Эй шаҳри дӯстдорам,
Эй шаъну ифтихорам.
Тоби ҷудоӣ аз ту
Як лаҳзае надорам.
Ҷову макон, Душанбе,
Монӣ амон, Душанбе.
Рӯидаем аз ту,
Сабзидаем аз ту.
Сад гуна меҳрубонӣ
Хуш дидаем аз ту.
Чун боғбон, Душанбе,
Монӣ амон, Душанбе.
Шаҳре чу боғу бӯстон,
Эй рашки сад гулистон.
Васфи туро ба дафтар
Ҳаргиз наяст поён.
Сад достон, Душанбе,
Монӣ амон, Душанбе.
Гаштем рӯи дунё,
Дидем пасту боло.
Танҳо туӣ ба дида
Ҳамчун биҳишт зебо.
Зеби ҷаҳон, Душанбе,
Монӣ амон, Душанбе.
Эй пойтахти озод,
Эй шаҳри бахтобод.
Бо ҳусни бемисолат,
Монӣ ҳамеша дар ёд.
Шаҳри ҷавон, Душанбе,
Монӣ амон, Душанбе.
Равшан бувад чароғат,
Дигар надида доғат.
Дар чор фасл монад,
Сарсабз боғу роғат!
Моро чу ҷон, Душанбе,
Монӣ амон, Душанбе.
Гурез САФАР
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 22 июни соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №4-6, мод. 152, №12, мод. 577; с. 2024, №5-6, мод. 257;
Пешвои муаззам
Бахшида ба Рӯзи Президент Гашт рӯзи шонздаҳ худ рӯзи эҳёи Ватан, Рӯзи ваҳдат, рӯзи сулҳу рӯзи амни Анҷуман. Бошад ин Иҷлосия таърихию дарёдмон, Насли баъд онро биомӯзад ба ҳар гуна забон. Будану
Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ) Истиқлоли давлатӣ аз дидгоҳи Пешвои муаззами миллат «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
