Эй Душанбе, шод бошу дер зӣ
Боиси ифтихор аст, ки зери сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи сокинони заҳматпешааш шаҳри Душанбе имрӯз на танҳо маркази маъмурию сиёсӣ ва илмию фарҳангии мамлакат, балки ба меҳвари ваҳдату ҳамбастагии мардуми кишвар табдил ёфтааст.
Рустами ЭМОМАЛӢ
Шаҳри Душанбе, ки 102 сол боз мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, бинобар таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу заҳмат ва ибтикороти пайвастаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба як шаҳри зебову назаррабо ва пешрафта табдил ёфтааст. Ободкориву созандагӣ дар пойтахти кишвари маҳбубамон ончунон босуръат ҷараён дорад, ки сол ба сол симои шаҳри Душанбе ба таври шинохтанашаванда иваз мешавад. Аз ин ҷост, ки агар нафаре бо таъхири чандсола ба Душанбе биёяд, аз эҳтимол дур нест, ки шаҳрро нашиносад. Албатта, ҳамаи ободкориҳо натиҷаи сиёсати созанда, дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва фароҳам будани шароити мусоиди фаъолият аст.
ОМОР ЧӢ МЕГӮЯД?
Пойтахтҳо бинобар мақоми маркази ҷумҳурӣ доштанашон на танҳо маркази сиёсӣ, балки макони асосии саноатӣ ва рушди иқтисодӣ низ ба ҳисоб мераванд. Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон дорои як қатор корхонаҳои саноатӣ аз ҷумла, дар соҳаҳои нассоҷӣ, сохтмон ва хӯрокворӣ мебошад. Илова бар ин, пойтахт дорои инфрасохтори рушдёфта аст. Роҳҳо, нақлиёт, неругоҳҳо ва шабакаҳои иртиботӣ ба рушди босуръати саноат мусоидат мекунанд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки маҳсулот ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба осонӣ интиқол дода шавад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, маҷмуи маҳсулоти минтақавии (МММ) пойтахт соли 2025 ба 36,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 фоиз зиёд ва саҳми он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 20,7 фоизро ташкил додааст.
Соли 2025 аз ҷониби 854 корхонаи саноатии шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 6,8 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 1,6 миллиард сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 126 фоиз аст.
Вақте рақамҳо «ба сухан меоянд», дарки вусъати корҳои анҷомдодашуда барои зиндагии бофараҳи сокинони пойтахт осон мешавад. Истифодаи самараноки захираҳо ва татбиқи сиёсати дуруст чунин натиҷа медиҳад, ки мо мисолашро дар симои Душанбеи нозанин дида метавонем.
САРМОЯГУЗОРӢ ОМИЛИ РУШД АСТ
Шароити мусоид имкон додааст, ки сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иқдомҳоеро дар кишвар амалӣ кунанд. Соли 2025 ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба беш аз 8,3 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 31,3 фоиз зиёд аст.
Аз ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда 3,3 миллиард сомонӣ ё 40 фоиз маблағгузориҳои давлатӣ, 4,6 миллиард сомонӣ ё 55 фоиз бахши хусусӣ ва 444 миллион сомонӣ ё 5 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад.
Дар нуҳ соли охир сохтмони зиёда аз 1280 иншоот аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 28,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст. Танҳо соли 2025 беш аз 713 ҳазор метри мураббаъ ва дар нуҳ соли охир бошад, зиёда аз 4,1 миллион метри мураббаъ иншооти маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба истифода дода шудааст, ки ин нишондод нисбат ба нуҳ соли қаблӣ 3,6 маротиба зиёд мебошад.
ШАҲРИ ҲУШМАНД
Дар кишвари мо рушди иқтисоди рақамӣ дар авлавияти кор қарор дорад. Давоми солҳои охир роҳбарияти давлату Ҳукумат барои татбиқи босамари барномаву нақшаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани тадбирҳои ҳушманду зеҳнӣ ва густариши технологияҳои замонавӣ иқдомҳои зиёдро рӯйи даст гирифтаву амалӣ кардаанд. Дар ин самт низ шаҳри Душанбе аз пешқадамҳост. То имрӯз як қатор корҳо амалӣ гардида, ба марҳилаи нав ва муассири идоракунии шаҳрӣ қадами устувор гузошта шуд. Бо мақсади тақвияти низоми муосири рақамикунонӣ, танзим ва амалинамоии лоиҳаҳои ҳушманд дар шаҳр бо иштироки Роҳбари давлат бинои 4-ошёнаи наву замонавии КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» бо марказҳои бузурги коркарди маълумот ва назоратию мушоҳидавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар маркази назоратӣ кормандони раёсатҳои ВКД, БДА ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе шабонарӯзӣ фаъолият намуда, амнияти шаҳрвандону меҳмонон ва назорати фаъолияти инфрасохтори пойтахтро таъмин менамоянд.
Айни замон татбиқи беш аз 20 лоиҳаи гуногун дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми «Шаҳри ҳушманд» роҳандозӣ гардидааст. Барномаи электронии «Е-donish» ба раванди сифати таълим мусоидат намуда, назорати давомот ва даромаду баромади хонандагон, инчунин, барои муайян намудани рейтинги хониши мактаббачагон ба муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо ёрӣ мерасонад. То ин муддат 191 муассисаи таълимӣ ба шабакаи электронии мазкур пайваст гардидаанд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда дар шаҳри Душанбе», айни ҳол 149 камераи назоратӣ насб ва мавриди истифода аст.
Бо мақсади татбиқи лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок -«City parking» дар 308 минтақа таваққуфгоҳҳои музднок, дар 81 чорроҳаи автомобилгард 205 камераи назоратӣ ва дар 58 кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе 67 камераи суръатсанҷ насб гардидааст.
Дар хатсайрҳои автобусу троллейбусгард дар доираи низоми пардохти электронии ҳаққи хизмати мусофиркашонӣ - «City Card» 1,1 миллион кортҳои пластикӣ ба шаҳрвандони кишвар барои ворид шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ дастрас гардидааст.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтарнамоии сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии пойтахт низоми электронии навигатсияи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ таҷҳизоти «GPS - tracker» ва сенсори баҳисобгирии ҷараёни мусофирон дар 510 автобус, 103 троллейбус ва 57 электробус насб карда шудааст.
ЧАРО ДУШАНБЕ МАРКАЗИ ҶАЗЗОБИ САЙЁҲИСТ?
Соли 2025-ум 1,8 миллион сайёҳ ба кишвари мо ворид гардидааст, ки нисбат ба як соли пеш 301,4 ҳазор нафар ё 19 фоиз зиёд мебошад. 61 фоиз ё 1,1 миллион нафари онҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз хизматрасониҳои маишию сайёҳии пойтахт истифода намудаанд.
Саволи матраҳ ин аст, ки чӣ боис шуда, то 61 дарсади сайёҳон маҳз ба пойтахт ташриф овардаанд? Албатта, посух ба ин савол душвор нест. Чунки Душанбе бо зебоиҳои табиӣ, боғу гулгаштҳои назаррабо, инфрасохтори рушдкарда, шароити мусоиди истироҳат ва муассисаҳои гуногуни фароғатию тафреҳӣ аз ҳар ҷиҳат барои гардишгар мусоид аст. Дар ин ҷо сайёҳ ҳам аз ҳамбастагии зебоиҳои табиат бо офаридаҳои созандагони Душанбе лаззат мебарад, ҳам дар осорхонаҳо бо таъриху тамаддуни миллат шинос мешавад ва ҳам дар шароити беҳтарин истироҳату фароғат мекунад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
