https://sadoimardum.tj

Дубайтии Душанбе

№:45 (5097), 20 апр 2026, 17:39
0

Душанбе, шаҳри толеъ, шаҳри бахтам,

Душанбе, пойбахтам, пойтахтам.

Ту ҳастӣ ҳамнишини рӯзи некам,

Ту ҳастӣ дастгири рӯзи сахтам.

Душанбе, Чамбули Мастони моӣ,

Душанбе, қиссаву дастони моӣ.

Ба кохеву ба роҳеву ба боғе

Каме ҳам ҳиссаи дастони моӣ.

Ту Истиқлоли моро такягоҳӣ,

Ту моро хонумон, пушту паноҳӣ.

Ба рӯзи мо агар чун офтобӣ,

Шаби моро, яқин, монанди моҳӣ.

Ба сӯе Парчами давлат парафшон,

Нишони давлатӣ сӯе дурахшон.

Ба сӯе Кохи миллат пурҷалол аст,

Ба сӯе ҳам шукӯҳи Кохи Сомон...

Мусаллоиву Рукнободи моӣ,

Чу тору пуд дар бунёди моӣ.

Ҳамеша хоҳамат обод бошӣ,

Душанбе, хонаи ободи моӣ…

Ҳама олам ба пеши ман чӣ бошад,

Парижу Маскаву Ландан чӣ бошад?

Душанбе, дар тани ман чун дил астӣ,

Ба қурбони ту ҷону тан чӣ бошад?

Муҳтарам ҲОТАМ

Ҳамчунин дигар маводҳо: