https://sadoimardum.tj

Пойтахти фарҳангии Осиё

№:45 (5097), 20 апр 2026, 17:42
0

Ин қарор, ки далели бебаҳси нуфузи фарҳангии Душанбеи дилбанди мо дар тамоми қаламрави кишварҳои Осиё маҳсуб меёбад, моҳи ноябри соли 2025, зимни ҷаласаи 11-уми Шурои иҷроияи Форуми шаҳрдорони Осиё (зимнан, раисони даҳҳо шаҳр аз 34 кишвари дунё узви шурои мазкур мебошанд) қабул гардид. Бале, Душанбе, ки яке аз ҷавонтарин шаҳрҳо дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, замоне рустои хурдакаки назарногиреро мемонд, ҳоло ба шаҳри на танҳо аз нигоҳи фарҳангӣ, балки иқтисодию иҷтимоӣ рушдкарда табдил ёфтааст. Ба шаҳре, ки овозаи оромию зебоию комёбиҳояш ҳатто сарҳади минтақаро убур намуда.

Аслан, тоҷикон дар таърихи башарият ба ҳайси миллати фарҳангдӯсту фарҳанг­парвару фарҳанггустар шинохтаю эътироф шудаанд. Фарҳангпарварии тоҷиконро, бахусус, дар бунёди шаҳрҳо метавон ошкоро мушоҳида намуд. Ҳамин аст, ки донишмандони давр аз шаҳрҳои таърихии тоҷикон ва давраҳои гуногуни давлатдории онҳо чун марҳилаҳои инкишофи илму фарҳанг ёд мекунанд. Чунончӣ, аз замони Сомониён ва пойтахти давлаташон. Ин давраро муаррихон замони вусъати илм, забону адабиёт, мусиқию ҳунарҳои бадеӣ унвон додаанд. Хушоянд ин аст, ки имрӯз низ дар давлатдорию шаҳрдорӣ ба фарҳангу ҳунар ва рушди ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, хоса дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе.

Воқеан, солҳои охир масъулон дар пойтахти кишвар ташаббусҳои зиёдеро барои рушди ҳамаҷонибаи санъат, ҳунарҳои эҷодӣ, театр, кино, меъморӣ амалӣ намуданд ва ин ташаббусҳо, ки бомаром идома доранд, Душанбеи азизи моро ба яке аз марказҳои рушди фарҳангу ҳунар дар минтақа табдил дод. Таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бо шароити муосир барои омӯзишу аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ, Оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (оркестри симфонӣ дар тамоми ҷаҳон қуллаи баландтарини санъати мусиқӣ - иҷрокунандагӣ ба шумор меравад), бунёди Кохи Наврӯз, ки аз бузургтарин кохҳои ҷаҳон маҳсуб ёфтаю соли 2019 ба унвони яке аз ҳашт муъҷизаи муосири Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шуд, боғу гулгаштҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, китобхонаю осорхонаҳо - ҳамагӣ намунае чанд аз корҳои дар ин самт анҷомёфта мебошанд.

Таҷлили ҷашнҳои миллӣ, хоса Наврӯзи байналмилалӣ бо риояи ҳама расму оинҳои ниёгон, дер боз таваҷҷуҳи сайё­ҳонро ба пойтахти тоҷикон ҷалб намуда. Ҳамин шабу рӯз дар Душанбе сохтмони боз ду театр идома дорад, ки калонтарини он Театри миллӣ маҳсуб ёфта, дар Осиёи Миёна беҳамтост. Умуман, имрӯз Душанбе макони баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангии сатҳи минтақаву ҷаҳон, масолили глобалӣ, тарғибгари арзишҳои инсонию умумибашарӣ мебошад.

Пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эътироф шудани Душанбе як навъ эътироф ва эҳтироми ин ва дигар дастовардҳои фарҳангии пойтахт, хоса сиёсат ё дипломатияи дурусти фарҳангии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, шаҳрдорию шаҳрнишинии тоҷикон маҳсуб ёфта, ҳароина, ба рушди минбаъдаи сиёсати фарҳангии пойтахтамон мусоидат хоҳад кард. Ин эътироф, инчунин, имкониятҳои навро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам меорад, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ равона хоҳанд гашт.

Ин дастоварди бузурги фарҳангӣ, ҳамзамон, бори дигар собит менамояд, ки Душанбеи мо дар авҷи таҳаввули бузурги фарҳангӣ қарор дошта, оянда ба дастовардҳои муҳимтару бузургтар шарафёб хоҳад гашт.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: