Дар Ромит татбиқи як лоиҳаи муҳими энергетикӣ оғоз шуд
Дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит» сохтмон ва васлу насб оғоз гардиданд.
Дар муаррифии ин тарҳ гуфта шуд, ки татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа имкон фароҳам меорад 15 деҳаи Ҷамоати деҳоти Ромит, аз ҷумла Лошхарв, Сайёд, Хилмарз, Товиши поён, Лангар, Деҳпир, Сонеҳ, Сорвоғ, Хоҷабӯстон, Варвар, Регак, Хол, Сорбоғи дарун ва Сорбоғи Даҳана, бо неруи барқи доимӣ ва боэътимод таъмин гарданд.
Корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби консорсиуми ширкатҳои «БАРС Консалтинг», «ЭЛСИ-Азия Энерго Строй Проект» ва «Аркон» анҷом дода шудаанд. Паймонкори лоиҳа ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» буда, маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Агентии Карея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) амалӣ мегардад.
Гуфта шуд, ки татбиқи пурраи лоиҳа соли 2028 ба анҷом мерасад.
С. МАҲМУД,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
