https://sadoimardum.tj

Ҷудокорони тоҷик ба ватан 5 медал оварданд

№:46-47 (5098-5099), 22 апр 2026, 17:20
9

20-уми апрели соли равон варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо аз Чемпионати Осиё - 2026, ки дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуд, бо 5 медал ба Ватан баргаштанд.

Дар ин чемпионат Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг байни занон сазовори медали биринҷӣ гардид. Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медалҳои нуқраро соҳиб шуданд. Паҳлавонони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ба гирифтани медалҳои тилло мушарраф гардиданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгаронро раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои варзишӣ ва ҳаводорони сершумори варзиш бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.

Зимни маросими истиқбол зикр гардид, ки дастовардҳои варзишгарон далели равшани рушди устувор ва таҳкими мактаби миллии гӯштини ҷудо буда, саҳми онҳо дар муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ арзандаи таҳсин мебошад.

Аз ҷониби раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба ҳар як варзишгари ҷоизадор туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: