Аз ҷаласаи Комиссияи АБ ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, саёҳат ва варзиш
15-17-уми апрели соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Хоҷазода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, саёҳат ва варзиш, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок дошт.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти комиссия дар соли 2025 баррасӣ шуда, тавсияҳо оид ба ташаккули чаҳорчӯби ҳуқуқии ҳамоҳангшуда дар самти рушди фарҳанг, иттилоот, саёҳат, варзиш, инчунин, дастгирии истеъдодҳои ҷавони давлатҳои иштирокдори ИДМ муҳокима гардид.
Иштирокчиён, ҳамчунин, пешниҳодҳоро оид ба таҳияи лоиҳаи нақшаи дарозмуддати қонунгузории намунавии ИДМ барои солҳои 2026-2028 баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки ташаккули санадҳои намунавӣ ба ҳамоҳангсозии фазои ҳуқуқӣ, таҳкими ҳамгироии илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди устувори кишварҳои узв мусоидат намуда, эътирофи дастовардҳои муштараки соҳаҳои фарҳанг, иттилоот, саёҳат ва варзиш омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббусҳои муштарак мебошад.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
