Ҷаласаи комиссияи АБ ИДМ оид ба иқтисод ва молия доир гашт
16-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ оид ба иқтисод ва молия баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода иштирок намуд.
Дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои моделӣ «Дар бораи банақшагирии стратегӣ», «Дар бораи имзои электронӣ», «Дар бораи муфлисшавии фаромарзӣ ва муфлисшавӣ» ва «Дар бораи шуғли платформавӣ» баррасӣ шуда, аъзои комиссия марҳилаҳои таҳияву татбиқи лоиҳаҳои қонунҳои моделӣ ва пешниҳодҳо ба лоиҳаи нақшаи ояндаи қонунгузории моделиро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима намуданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 2, мод.703, мод.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023, № 11, моддаи 456) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ»
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию иқтисодии муносибатҳоро дар соҳаи сармоя ва фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифода аз низомҳои ҳавасмандгардонӣ ва
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
