https://sadoimardum.tj

Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ

№:46-47 (5098-5099), 22 апр 2026, 17:33
7

21-уми апрели соли равон ҷаласаи маҷозии Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Занони Осиёи Марказӣ: вазифаҳои афзалиятнок ва амалҳои муштарак» бо ташаббуси намояндагии махсуси Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ ва раёсати Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сурайё Дӯстмуродзода иштирок намуданд.

Ҷаласаро Танзила Норбоева ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки баланд бардоштани фаъолияти занон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, муаррифии иқтидори онҳо ва таҳкими нақши занон дар идоракунии давлатӣ хеле муҳим мебошад. Таъкид шуд, ки баланд бардоштани нақши занон дар Осиёи Марказӣ на танҳо омили рушди ҷомеа, балки гарави сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ буда, муколамаи мазкур ҳамбастагӣ ва ҳамкории занонро ба сатҳи нав мебарад.

Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки Муколамаи занон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои муҳими муколама саҳми назаррас гузошта, дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. Дар тӯли беш аз 5 соли фаъолият Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ тавонист худро ҳамчун майдони бонуфузи минтақавӣ барои баррасии нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ намояд ва ҳамчун платформаи устувор ва пурмазмуни минтақавӣ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равишҳои мувофиқашуда ба масъалаҳои асосии рӯзномаи минтақавӣ мусоидат намояд.

«Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо як макони мубодилаи афкор, балки механизми ташаккули меъмории муосири ҳамкории минтақавӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории худро дар самти таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, эътимод, ҳамсоягии нек ва шарикӣ тасдиқ намуда, занонро ҳамчун неруи тавонои тавсеабахши сулҳ, устуворӣ ва пешрафт мешуморад. Барои занон - намояндагони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин муколама аҳамияти хоса дошта, инъикосгари ҳадафҳои кишварҳои минтақа дар татбиқи Эъломияи Пекин ва платформаи амал, инчунин, рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор мебошад, ки дар маркази он инсон, оила ва некуаҳволии ҷамъиятӣ қарор доранд. Ин мулоқоти маҷозӣ шаҳодати он аст, ки барои ҳамкорӣ ва ҳамбастагии занон ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои мо заминаи устувор фароҳам мебошад», - афзуд Мавсума Муинӣ.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии занону мардонро ҳамчун самти асосии сиёсати давлатӣ баррасӣ менамояд. Бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон маҷмуи тадбирҳое, ки ба густариши иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа равона шудаанд, пайваста амалӣ карда мешаванд.

Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён нақшаи кори Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои соли 2026 муҳокима ва қабул гардид.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: