https://sadoimardum.tj

Файзалӣ Идизода дар Россия

№:46-47 (5098-5099), 22 апр 2026, 17:41
5

Файзалӣ Идизода дар Россия

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар кард.

20-уми апрели соли равон, қабл аз оғози ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентӣ, раи­сони парламентҳои кишварҳои узви СААД дар маросими тантанавии гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи «Аскари номаълум» иштирок намуда, хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ доштанд.

Зикр шуд, ки ҳифзи хотираи таърихӣ дар бораи Ғалабаи бузург (солҳои 1941-1945), ҳимояи ҳақиқат дар бораи ҷанг ва муқовимати муштарак ба ҳар гуна кӯшишҳои таҳрифи таърих ҳамчун омилҳои муҳими муттаҳидкунанда аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти парламентчиёни кишварҳои узви СААД боқӣ мемонанд. Ғалабаи умумӣ ва корнамоиҳои халқҳои собиқ шуравӣ пояи мустаҳками ахлоқӣ барои рушди муносибатҳои иттифоқӣ ва таҳкими амнияти дастҷамъӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамб­леяи парлумонии СААД чолишҳо ва таҳдидҳои муҳими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, масъалаҳои наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи қонунгузории миллии давлатҳои аъзои созмон ба манфиати таъмини суботи умумӣ баррасӣ шуданд.

Файзалӣ Идизода зимни суханронӣ аз мавқеи доимии сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт: «Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли осоиштаи ҳама гуна буҳрону муноқишаҳо тавассути музокирот ва талошҳои сиёсию дипломатӣ мебошад».

Зикр гардид, ки татбиқи самаранок ва ҳамаҷонибаи санадҳо ва қарорҳои қабулшуда дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аҳамияти махсус доранд.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, инчунин, санадҳои намунавӣ ва тавсияҳои СААД дар ташаккули заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ барои муқовимати фаъолона ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир нақши муҳим доранд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: