Дар муқовимат бо коррупсия бетарафӣ ҷоиз нест

Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби замон ба ҳисоб рафта, ба тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти миллӣ ва тараққиёти иҷтимоию иқтисодии давлатҳо таҳдид менамояд. Ин зуҳурот ба фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва самаранокии идоракунии давлат таъсири манфӣ расонда, рушди босуботи иқтисодию сиёсии кишварҳоро халалдор менамояд. Ба ғайр аз ин, дастрасии аҳолиро ба таълим, тарбия ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ мушкил гардонда, нобаробарии иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Бинобар ин, муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ ва анде-шидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул ёфтааст.
Аз ҷумла, 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба имзо раси-да, худи ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардид.
Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ 25 сентябри соли 2006 яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқии байналмилалӣ - Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди кор-рупсияро ба имзо расонда, иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи байнал-милалӣ шуд. Дар заминаи ин конвенсия дар кишвар бист санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки онҳо зами-наҳои ташкилӣ-ҳуқуқии самтҳои гуногуни муқовимат ба коррупсияро фароҳам оварданд.
Ҳамчунин, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия се санади барно-мавии миёнамуҳлати зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Аген-тии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд.
Инчунин, бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмуии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия ба ҳисоб меравад.
Ҷаласаҳои шуро ҳар сол гузаронида шуда, дар ҷараёни онҳо гузоришҳои вазорату идораҳои давлатӣ оид ба амалисозии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, натиҷаҳои пурсишҳои сотсиологӣ, ошкорсозӣ ва таҳли-ли хавфҳои коррупсионӣ, натиҷаҳои санҷишҳои молиявӣ, чораҳои андешидашуда оид ба ошкорсозӣ ва барта-рафсозии сабабҳо ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, инчунин, гузоришҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия шунида мешаванд.
Тавре амалия нишон медиҳад, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ба раванди амалисозии сиёсати зиддикоррупсионӣ, таҳаммулнопазирии ҷомеа нисбат ба коррупсия ва баланд бардоштани фарҳанги зидди-коррупсионии аҳолӣ мусоидат намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 иброз намуданд: «Фа-ромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад». Дарвоқеъ, пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия омили устувор гаштани пояҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва, дар маҷмуъ, кафолати ҳифзи дастовардҳо ва арзишҳои Истиқлоли давлатӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос дар роҳи муқовимат ба коррупсия масъулият ва ҳисса дорад.
М. ЗИЁЗОДА,
прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
