Баррасии робитаҳои парлумонии Тоҷикистону Олмон
23-юми апрели соли 2026 мулоқоти маҷозии гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои парлумонии Олмон - Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои парлумонии Олмон - Осиёи Марказӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Маҳмадулло Шерализода зимни суханронӣ зикр намуд, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 28 феврали соли 1992 барқарор шуда, онро мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, гуфтушунид ва машварати байниҳукуматии ҳарсола, ҳамоишҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздиди мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумонҳо, вазорату идораҳо, форумҳои соҳибкорони ҳарду кишвар, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажуҳишӣ-таълимӣ тавсеа медиҳанд.
Таъкид шуд, ки омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳарду кишвар мебошад. То имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 42 санади дуҷониба ба имзо расида, он аз 31 созишномаи байниҳукуматӣ, 10 созишномаи байниидоравӣ ва изҳороти муштарак иборат аст. Дар муносибатҳои муосир робитаҳои байнипарламентии ҳарду кишвар мунтазам густариш меёбанд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
