https://sadoimardum.tj

Муҳокимаи парлумонӣ

Барномаи рушди забони давлатӣ

№:50 (5102), 27 апр 2026, 17:23
4

Натиҷаҳо чашмрасанд, камбудиҳо аён

23-юми апрели соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ оид ба иҷрои марҳилаи аввали «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ доир шуд.

Дар он вакилони Маҷлиси намоян­дагон, мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Исфандиёр Саидзода, сараудитори Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Абдуқаҳҳор Мирзозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти наз­ди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сахидод Раҳматуллозода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Маҳмаддовуд Саломиён, муовинони вазирони фарҳанг, молия, маориф ва илм, инчунин, роҳбарон ва масъулони сохторҳои мақомоти марказӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки то кунун дар ҷумҳурӣ ду маротиба - солҳои 1997 ва 2012 чунин барномаҳои рушд ва таҳкими забони давлатӣ қабул ва амалӣ гашта буданд. «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки марҳилаи аввали иҷрои он солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, давоми мантиқии барномаҳои қаблӣ ба шумор рафта, тадбиқи босифати бандҳои он ҳамкории зичи вазорату идораҳо, аз ҷумла Кумитаи забон ва истилоҳот, АМИТ, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳоро тақозо менамояд.

Тавре муовини вазири молияи кишвар Сарвар Қурбониён иттилоъ дод, маблағгузории барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ 3,1 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби грантҳо ва дигар сарчашмаҳо 1,9 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Яъне, маблағи умумии он 5,0 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ба суратҳисоби идораву вазоратҳое, ки масъули иҷрои барнома мебошанд, равона мегардад. Ҳамин тавр, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то соли 2025 барои татбиқи барнома беш аз 1,1 млн. сомонӣ ҷудо шудааст, ки ба 68 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сахидод Раҳматуллозода зимни суханронӣ қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», чопи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», барномаҳои ислоҳнигорӣ ва усулҳои дурустнависӣ, танзими Мozilla Firefox бо забони тоҷикӣ, таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума» дар назди кумита, мақоми расмӣ пайдо кардани забони имову ишора, таҳияи фарҳанги русӣ-тоҷикӣ ва дигар фарҳангномаҳоро аз муҳимтарин корҳои ба анҷомрасида дар доираи иҷрои марҳилаи аввали барнома арзёбӣ кард.

Вале раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода аз сатҳи умумии иҷрои барнома нигаронӣ намуд. Гуфт, ки тибқи маълумоти Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ, то охири соли 2025 сатҳи умумии иҷрои он ба 35,2 дарсад баробар аст, ки ин боиси ташвиш мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар марҳилаи якуми тадбиқи барнома як қатор дастовардҳо ба назар мерасанд ва ин гувоҳи он аст, ки барномаи мазкур дар марҳилаи аввал заминаи хубе барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ фароҳам овардааст, аммо, дар баробари ин, як қатор мушкилоти ҷиддӣ ошкор гаштааст. Аз ҷумла, дар ҳисобот як қисми маълумот хусусияти умумӣ дошта, натиҷаҳои иҷрои бандҳо пешниҳод нагаштаанд. Чунончӣ, банди 10 - нашри дастурамали шиору овезаҳо, эълону рекламаҳо, банди 11 - таҳия ва нашри «Фарҳанги орфоэпии забони тоҷикӣ», банди 13 - таҳкими барномаи истилоҳгузорӣ ва усулҳои дурустнависӣ дар компютер иҷро нагардидаанд.

Номутобиқатии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июни соли 2021 қабул шудааст, бо «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», ки соли 2025 аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот нашр гардид, аз мушкилоти дигар номбар шуд.

- Дар самти рушди технологияҳои забонӣ гарчанде баъзе иқдомот, аз ҷумла таҳияи барномаҳои компютерӣ, зикр шуданд, аммо онҳо ҳанӯз хусусияти пилотию маҳдуд доранд ва ба истифодаи васеъ дар самти миллӣ нарасидаанд, - афзуд Барно Саидвализода.

Ҳамин тавр, аз ҷараёни муҳокима маълум гардид, ки баъзе бандҳои марҳилаи аввали «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» бо сабабҳои гуногун иҷро нагардидаанд.

Дар маҷмуъ, вакилон оид ба натиҷаҳои марҳилаи якуми тадбиқи барнома андешидани чораҳои иловагиро зарур шумурданд. Зикр шуд, ки марҳилаи дуюми барнома бояд ба баланд бардоштани сифати иҷро равона гардад.

Дар фарҷоми муҳокима бо назардошти таклифу пешниҳодҳо вакилон қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул намуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев

Ҳамчунин дигар маводҳо: