https://sadoimardum.tj

Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»

№:52-53 (5104-5105), 01 май 2026, 11:26
8

Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ­масъаларо оид ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» баррасӣ намуда,қарор мекунад:

1. Гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно Саиднабӣ оид ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 тасдиқ гардидааст, ба маълумот гирифта шавад.

2. Гузоришҳои раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, сарау­дитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Абдуқаҳҳор Малик оид ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ба маълумот гирифта шаванд.

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул карда шаванд (замима мегарданд).

4. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ҷиҳати чораҷӯӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ирсол карда шаванд.

5. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.

6. Назорати иҷрои қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон гузошта шавад.

Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ

ш. Душанбе, 23 апрели соли 2026, №3

Ҳамчунин дигар маводҳо: