https://sadoimardum.tj

То иҷрои нақша 6,5 дарсад боқӣ монд

№:54 (5106), 04 май 2026, 15:10
2

Дар давоми як моҳи сипаришуда нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро гардид.

Моҳи апрел иҷрои нақшаи даъват дар ҳудуди вилояти Суғд ба 87,4 фоиз баробар шуд.

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар муддати як моҳи сипаришуда нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбиро ба 85,7 фоиз расонданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар нахустрӯзҳои даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи пешбинигардидаро пурра иҷро намуданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 28 феврали соли 2026 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши миллӣ оғоз гардид.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» омадааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард), ки ба синни 18 расидаанд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ даъват мегарданд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид шудааст, ки хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист.

Даъвати ҳарбии муҳлатнок дар як сол ду маротиба - аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: