https://sadoimardum.tj

Ғолибони «Мисс Душанбе - 2026» муайян шуданд

№:54 (5106), 04 май 2026, 15:23
3

Озмуни «Мисс Душанбе - 2026», ки бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ шуда, яке аз рӯйдодҳои муҳиму ҷолиби фарҳангии пойтахт маҳсуб меёбад, 30-юми апрели соли равон ҷамъбаст гардид.

Дар даври ниҳоии озмун Фариштамоҳ Асламова ғолиби озмуни «Зебосанами Душанбе», соҳиби 150 ҳазор сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ шуд.

Сумая Раҷабова дар бахши «Зебосанами маҳбуби дилҳо» ва Субҳия Тоҳирзода дар бахши «Зебосанами зирак» пирӯз эълон шуда, ҳар кадом 100 ҳазор сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ ба даст оварданд.

Баргузории озмун ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳамчун ҷузъи маҷмуи ташаббусҳои фарҳангиву маърифатӣ барои ташаккули муҳити мусбати ҷамъиятӣ дар пойтахт арзёбӣ мегардад.

Озмуни мазкур аз моҳи феврал то 30-юми апрел идома ёфта, ба он беш аз 500 нафар барои иштирок номнавис шудаанд. То даври нимниҳоӣ танҳо 50 нафар роҳ ёфт. Аз ин шумора 30 нафар ба даври ниҳоӣ гузашта, барои ғолибият рақобатро идома доданд.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: