100-сомонии Тоҷикистон дар феҳристи беҳтарин пулҳои ҷаҳон
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон, ки соли 2025 ба муносибати 25-солагии пули миллӣ - сомонӣ ба муомилот бароварда шуд, ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон шомил гардид.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ин пули ҷашнӣ бо тарҳи навоварона ва сатҳи баланди амниятӣ тавонистааст ба Озмуни бонуфузи байналмилалии «Пулҳои сол» роҳ ёбад. Мутахассисон махсусан ба унсурҳои ҳимоявии он баҳои баланд додаанд.
Пули мазкур дорои аломати обӣ бо акси шоҳ Исмоили Сомонӣ, тасвири бинои нави парлумони кишвар, нишону рамзҳои давлатӣ ва унсурҳои муосири тағйирёбандаи ранг мебошад. Ин технологияҳо барои пешгирии қалбакӣ сохтан ва баланд бардоштани эътимоди истифодабарандагон пешбинӣ шудаанд.
Аз миёни тақрибан 100 пули нав, ки соли 2025 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нашр шудаанд, танҳо 17 адад ба рӯйхати озмун дохил гардидаанд. Ба ин феҳрист пулҳои кишварҳое мисли Россия ва Қазоқистон низ шомил шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 2-юми декабри соли 2025 100-сомонии ҷашнии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии «High Security Printing» дар номинатсияи «Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ дар соли 2025» сазовори ҷоизаи олӣ гардида буд.
Ворид шудани пули 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтаринҳо ҳамчун дастоварди назаррас дар соҳаи бонкдорӣ ва тарроҳии миллӣ арзёбӣ мешавад.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
